номеҳрубонона — [نامهربانانه] бо номеҳрубонӣ; беилтифотона, бешафқатона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беилтифотона — [بي التفاتانه] номеҳрубонона, бидуни ҳусни таваҷҷӯҳ, ба ғайри лутф ва меҳрубонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гармнигоҳ — [گرم نگاه] он ки нигоҳи гарм дорад, нигоҳаш самимӣ ва меҳрубонона аст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғамгусорона — [غم گسارانه] ғамхорона, меҳрубонона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғамхорона — [غمخوارانه] дилсӯзона, меҳрубонона; бо дилсӯзӣ, бо меҳрубонӣ: муносибати ғамхорона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилҷӯёна — [دلجويانه] меҳрубонона, навозишкорона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
илтифотомез — [التفات آميز] бо таваҷҷӯҳ ва лутф, меҳрубонона: нигоҳи илтифотомез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лутфомез — [لطف آميز] меҳрубонона, навозишкорона, аз рӯи марҳамат ва илтифот: муносибати нарму лутфомез, оҳанги лутфомез доштан, суханони лутфомез гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
меҳромез — [مهرآميز] аз рӯи меҳрубонӣ; меҳрубонона, пурмеҳру муҳаббат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
меҳрубонӣ — [مهرباني] меҳру муҳаббат, шафқат, дӯстдорӣ; лутфу марҳамат; бо меҳрубонӣ аз рӯи меҳру шафқат, меҳрубонона; меҳрубонӣ кардан а) бо меҳру муҳаббат муносибат кардан бо касе; б) илтифот кардан; бахшидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ